Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Питер созмони ҷавонони тоҷикистонӣ ташкил шуд


Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия созмони иҷтимоии ҷавонони донишҷӯи тоҷикистонӣ сабти ном шуд. Фаррух Сатторов -раиси созмон мегӯяд, ҳадафи созмон ҷалби донишҷӯён ба кӯмакҳои иттилоотиву ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар вилояти Ленинград аст. Ба ин созмон ононе метавонанд бипайванданд, ки шаҳрванди Тоҷикистон бошанд, ё тоҷикистониёне, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, ҳоло дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт Петербург ва Пушкини вилояти Ленинград ҳудуди 300 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG