Пайвандҳои дастрасӣ

Тундравон як радиои Покистонро мунфаҷир карданд


Тундравони мазнун дар Покистон шаби сешанбе бо бобмгузорӣ дар як радиои маҳаллӣ сабаби қатъи пахши барномаҳои он шуданд. Ба гузориши Радиои Машъал, бар асари инфиҷор, бино ва таҷҳизоти Радиои Дилбар дар шаҳри Чорсада, 120 километрии ҷанубушарқи Пешовар осеб дидааст. Радиои Дилбар, ки умдатан мусиқӣ ва хабар пахш мекунад, бинобар осеб дидани дастгоҳҳои мавҷпароканиаш пахши барномаҳояшро муттавақиф кардааст, вале ба зудӣ онро аз сар хоҳад гирифт. Чорсада, дар яке аз манотиқи қабоилнишини Покистон воқеъ шудааст, ки ин минтақа зуд зуд шоҳиди ҳамла ва бобмгузориҳои тундравон мешавад.
XS
SM
MD
LG