Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларза Тоҷикистонро имрӯз ларзонд


Бино ба гузоришҳо, субҳи чаҳоршанбе заминларзае бо нерӯи чаҳору аз даҳ ҳафт дараҷа Тоҷикистонро такон додааст. Дар ин бора Пажӯҳишгоҳи геологии Амрико хабар дод ва Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон ҳам таконҳоро сабт кардааст. Заминларза соати яку ҳаждаҳ ба вақти Душанбе рух додааст ва маркази он 81 километрии ҷанубушарқи шаҳри Деҳнави Ӯзбакистон будааст. Доир ба талафот хисороту талафот гузорише нарасидааст.
XS
SM
MD
LG