Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олии футболи Тоҷикистон: Бурду бохти ду даври аввал


Натоиҷи бозиҳои ду даври мусобиқоти XX қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон нишон дод, ки имсол теъдоди дастаҳои пурқувват ва муддаиёни унвони қаҳрамонӣ афзудааст ва миёни онҳо “Истиқлол”-и Душанбе дар мақоми аввал аст.

Пирӯзии “Истиқлол” дар бозии даври дуввуми сабқати Лигаи олӣ ба рақиби аслиаш “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 3:0 аз он шаҳодат медиҳад, ки душанбегиҳо имсол низ барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ довталаби аслианд.

“ЧЕМПИОНАТ ХЕЛЕ САНГИН МЕШАВАД”

Вале Олимҷон Рафиков, сармураббии тими “Истиқлол”, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз тарзи баргузории мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт: “Чемпионати имсола хеле сангин мешавад, зеро ки барои даста анҷом додани 45-50-55 бозӣ ниҳоят душвор аст. Бачаҳои мо ҳам дар мусобиқоти дохили кишвар ва ҳам дар бозиҳои мусобиқоти байналмилалӣ дар ҳайати тимҳои мунтахаби миллӣ, олимпӣ, ҷавонону
Олимҷон Рафиқов зимни сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ"
наврасон ширкат меварзанд. Дар чемпионати кишвар бошад, дар тӯли ду моҳ ё 60 рӯз 20 бозӣ мекунем, яъне баъди ҳар се-чор рӯз дар бозии тақвимӣ ширкат меварзем. Табиист, ки бачаҳо хеле хаста мешаванд ва ба онҳо зарур аст, ки дар тӯли се-чор рӯз қувваашонро аз нав барқарор созанд, вале барои тамрин фурсат намешавад”.

Олимҷон Рафиков дар идомаи сӯҳбат иброз дошт, ки ба масъулини Федератсиюни футболи Тоҷикистон дар бораи тарзи баргузории мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ якчанд пешниҳод кардааст, вале пешниҳодоти ӯ ба назар гирифта нашудааст. Ӯ афзуд: “Ба назари ман хуб мебуд, пас аз ҷамъбасти ду давраи мусобиқот 6 дастаи пешқадам муборизаро барои медалҳо идома медод. Ва ё мусобиқот дар се давра барпо мегашт ва дар марҳилаи охирин дастаи мизбон аз рӯи натиҷагирии бозиҳои ду давраи пешин ва ё қуръакашӣ муайян карда мешуд”.

“АЗ ПАИ ИСЛОҲОТИ КАМБУДИҲО МЕШАВЕМ”

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Регар-ТадАЗ”, иллати нокомии дастаашро дар бозиҳо бо “Истиқлол”, аслан, ба хатоҳои дарвозабонҳо рабт медиҳад. Вай афзуд: “Ҳар як бозӣ ба ҳолатҳои манфии мо ишора мекунад, бинобар ин мекӯшем, ки хатоҳоро саривақт
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими “Регар-ТадАЗ”
бартараф созем. Мавсим нав шурӯъ шудааст ва ҳама чиз дар пеш аст”.


Дастаҳои ССКА “Помир”, ”Равшан” ва “Хайр” мусобиқоти ҷашниро бомуваффақият оғоз карда, дар ду даври аввал дар майдони худ бар рақибонашон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Вале кори ду дастаи вилояти Суғд - “Хуҷанд” ва “Парвоз” дар сафар омад накард. Ҳарду ба мағлубият дучор шуданд.

Ду тими нави Лигаи олӣ - “Шодмон”-и Ҳисор ва “Гвардия”-и Душанбе низ дар бозиҳои аввал ноком гаштанд.

БА “ВАХШ” 800 ҲАЗОР СОМОНӢ ИХТИСОС ДОДА ШУД

Дастаи “Вахш”, ки аз 12 бозигари ҳайати асосӣ маҳрум шуд ва имсол, аслан, ба футболбозони ҷавон такя мекунад, дар нахустин бозиаш дар меҳмонӣ шикаст хӯрд.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ба радиои Озодӣ
гуфт: “Мо аз он хушнудем, ки бо тасмими раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов, барои омодагӣ ва ширкати дастаи “Вахш” дар мусобиқоти имсола 800 ҳазор сомонӣ ё наздики 180 ҳазор доллар ихтисос дода шуд. Кӯшиш мекунем, ки бо ҳайати ҷавонони худ дар мусобиқоти имсола бозии хуб нишон бидиҳем ва хотири мухисонамонро шод гардонем”.
Бозиҳои даври севуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 21-ум ва 22-юми апрел баргузор мешаванд.

Чаҳор бозии даври севуми мусобиқот рӯзи панҷшанбе, 21-уми апрел, миёни тимҳои “Гвардия”(Душанбе)- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Хуҷанд” (Хуҷанд) - “Шодмон” (Ҳисор), “Равшан” (Кӯлоб) - “Хайр” (Ваҳдат) ,“Вахш” (Қӯрғонтеппа) - ССКА “Помир” (Душанбе) барпо мегардад.

Дар бозии охирини даври севум, ки 22-юми апрел сурат мегирад, “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бо тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рақобат хоҳад кард.

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Истиқлол»

2

2

0

0

6-0

6

2.

ССКА «Помир»

2

2

0

0

6-1

6

3.

«Равшан»

2

2

0

0

6-1

6

4.

«Хайр»

2

2

0

0

4-0

6

5.

Регар-ТадАЗ”

2

1

0

1

4-5

3

6.

«Энергетик»

2

1

0

1

3-5

3

7.

«Вахш»

1

0

0

1

1-2

0

8.

«Шодмон»

2

0

0

2

4-7

0

9.

10.

11.

«Хуҷанд»

Гвардия”

“Парвоз”

2

1

2

0

0

0

0

0

0

2

1

2

1-4

0-4

0-6

0

0

0

XS
SM
MD
LG