Пайвандҳои дастрасӣ

Майк Муллен бо мақомоти Покистон гуфтӯгу мекунад


Фармондеҳи аршади нерӯҳои Амрико, имрӯз дар Покистон қарор дорад ва дар замоне, ки таниш миёни ин ду шарики муҳим боло гирифтааст. Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, имрӯз дар Исломобод бо мақомоти расмӣ, аз ҷумла генерал Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон, дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Покистон шарики муҳими Амрико дар ҷанг алайҳи ситезаҷӯён дар Афғонистон аст ва аз Амрико миллиардҳо доллар кӯмакҳои низомӣ ва ғайринизомӣ мегирад. Аммо дар ин авохир Покистон аз қурбон шудани ғайринизомиён дар ҳамлаҳои махфиёнаи мушакии Амрико ба тундравон дар манотиқи марзии Покистон ба хашм омадааст. Иёлоти Муттаҳида, низ аз иртиботи мақомоти расмии Покистон бо тундравон ибрози нигаронӣ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG