Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори давлати Либия ба Бритониё


Мақомоти давлати Муаммар Қаззофӣ ба Бритониё ҳушдор додаанд, ки мушовирони низомии худро барои кӯмак ба шӯришиён нафиристанд. Холид Карим, муовини вазири умури хориҷаи Либия, ба хабаргузории "Ассосиейтед Пресс" гуфтааст, шӯришиён муташаккил нестанд ва ин кори Бритониё натиҷае нахоҳад дод. Абдул Отӣ Убайдӣ, вазири умури хориҷаи Либия ба шабакаи Би Би Си гуфт, ирсоли мушовирони низомии Бритониё, шояд танҳо ҷангҳоро дар Либия тӯлонӣ хоҳад кард. Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, гуфт, барои беҳтар кардани ҳамоҳангсозиву иртибот ва икмолоти шӯришиён бештар аз 20 мушовири низомиро ба Либия хоҳад фиристод. Айни замон ҷангҳо миёни нерӯҳои Қаззофӣ ва шӯришиён дар шаҳри Мисрота идома дорад.
XS
SM
MD
LG