Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи Раҳмон доир ба ошӯбҳои кишварҳои арабӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки паёми солонаи худ ба мардум ва порлумонро идома медиҳад, зимни шарҳи сиёсати хориҷии кишвар, дигарбора Русияро, шарики стротегии Тоҷикистон хонд. Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, ҳодисаҳои кишварҳои арабӣ дар Осиёи Марказӣ бахусус дар Тоҷикистон имконнопазир аст. Ӯ зимни ироаи паёми солонааш ба палатаҳои поёнӣ ва болоии порлумон гуфт: “Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки як бор қурбони чунин дасисаҳо шуда буд, маънии оромиву осоиш ва қурби сулҳу салоҳро хуб дарк мекунад. Чун халқи ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро аз сари худ гузаронида, роҳи ҳалли низомии қазияҳоро рад менамояд ва ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли сулҳхоҳона ва мусолимаотмези ҳамаи мушкилот ва хостори амнияту суботу иҷтимоӣ мебошад.” Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардуми тоҷик як бор хонаи худро бо дасти худ оташ зад ва набояд ин корро такрор кунанд. Тоҷикистон аз соли 1992 то соли 1997 ҷанги харобиовари шаҳрвандиро пушти сар кард, ки дар ҷараёни он даҳҳо ҳазор нафар кушта ва бехонумон шуданд.
XS
SM
MD
LG