Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси бенатиҷаи буҳрони Яман дар Шӯрои Амният


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар ҷамъи тарафдоронаш
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дар ҷамъи тарафдоронаш
Шӯрои Амнияти СММ дар иҷлоси пушти дарҳои бастааш буҳрони Яманро баррасӣ кард, вале бар сари матни изҳороташ дар ин масъала ба тавофуқ расида натавонист. Дипломатҳо мегӯянд, Олмон ва Лубнон, ду узви Шӯрои 15-нафарии Амният ба таҳияи чунин изҳорот талош доштанд, вале ибтикори онҳо ба мухолифати Чину Русия, ду узви доимӣ ва соҳиби ҳаққи ветои ин Шӯро дучор шуд.
Сафири Амрико Сюзан Райс гуфт, бисёре аз аъзои Шӯро мехоҳанд пеш аз ибрози назар аз давлатҳои худ дастур бигиранд.
Иҷлоси рӯзи сешанбеи Шӯрои Амният дар ҳоле доир шуд, ки бино ба хабарҳо, бар асари тирандозии нирӯҳои Яман алайҳи эътирозгарон боз 3 нафар кушта шуд. Тайи ду моҳи эътирозҳо бо талаби истеъфои ҳукумати 33-солаи раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ беш аз 120 нафар ҷон бохтааст. Шӯрои ҳамкории халиҷ мехоҳад дар раванди таҳвили қудрат дар Яман нақши миёнҷиро бозӣ кунад.
XS
SM
MD
LG