Пайвандҳои дастрасӣ

Манбаъи асосии WikiLeaks ба зиндон мунтақил шуд


UБредлӣ Меннинг

UБредлӣ Меннинг

Мақомоти Амрико мегӯянд, сарбози амрикоӣ Бредлӣ Меннингро, ки ба гирдоварии ҳазорон санади махфии баъдан дар сомонаи WikiLeaks нашршуда муттаҳам мешавад, ба як маҳбаси низомӣ дар аёлати Канзас интиқол додаанд. Ҷеҳ Ҷонсон, додситони кулли Пентагон гуфт, Меннингро аз пойгоҳи баҳрии Квантико дар наздикии Вошингтон ба боздоштгоҳи низомии Форт Ливенворфи Канзас бурдаанд. Аммо ӯ афзуд, инро набояд ба маънои бад будани шароити ӯ дар Квантико тафсир кард. Вакилони Меннинги 23-сола қаблан шикоят мекарданд, ки ӯ дар пойгоҳи Квантико ба бадрафторӣ рӯбарӯст. Мақомоти Амрико мегӯянд, нашри асноди маҳрамонааш дар WikiLeaks равобити Вошингтон бо бархе кишварҳоро мушкил сохтааст.
XS
SM
MD
LG