Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ошӯбҳои хунини пасоинтихоботӣ дар Нигерия


Гудлак Ҷонатан - барандаи интихоботи ахир
Гудлак Ҷонатан - барандаи интихоботи ахир
Дар ҷараёни ошӯбҳое, ки шимоли Нигерияро дар пайи интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ фаро гирифт, даҳҳо нафар кушта ва ҳазорони дигар, бино ба хабарҳо, маҷбур ба тарки макон шудаанд.
Дар интихоботи рӯзи шанбе номзади масеҳиёни ҷануб Гудлак Ҷонатан бар Муҳаммад Бухорӣ, намояндаи мусалмонони шимол, баранда эълон шуд. Аммо ин хабар хашми тарафдорони Бухориро барангехта ва бино ба хабарҳо, ҳамлагарони мусалмон дар шимоли Нигерия хонаҳову калисоҳо ва истгоҳҳои пулисро оташ мезананд ва масеҳиҳо низ алайҳи мусалмонон ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.
Тарафдорони Бухорӣ бар ин боваранд, ки натиҷаи интихобот дасткорӣ шудааст. Натоиҷи расмӣ бар Ҷонатан 57 дарсад ва ба Бухорӣ танҳо 31 дарсадро мансуб мекунад. Нозирон аммо мегӯянд, ки интихоботи Нигерия ба сурати умум қобили боварист.
Нигерияи саршор аз нафт бо зери 150 миллион аҳолиаш пурҷамъияттарин кишвари қораи Африқост. Дар шимоли ин кишвар умдатан мусалмонҳо ва дан ҷанубаш масеҳиён ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG