Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи изтирорӣ дар Сурия лағв шуд


Эътирозгарон дар Ҳумс
Эътирозгарон дар Ҳумс
Давлати Сурия вазъи изтирориеро, ки ҳанӯз соли 1963 ҷорӣ шуда буд, бекор кардааст. Ин яке аз талабҳои умдаи эътирозҳо бо талаби ислоҳот дар ин кишвари арабист. Ин қонун бояд акнун барои имзои ниҳоӣ ба раисиҷумҳур Башор Асад ирсол шавад. Хабаргузории расмии САНА навишт, ки кобинаи вазирон додгоҳи давлатии амниятӣ, масъули мурофиаи маҳбусони сиёсиро низ аз байн бурда, қонунеро ҳам тасвиб кард, ки баргузории тазоҳуроти сулҳомезро иҷоза медиҳад.
Бо ин вуҷуд, дирӯз нирӯҳои давлатӣ дар Ҳумс, севвумин шаҳри бузурги Сурия, алайҳи тазоҳургарон тир кушодаанд.
Амрико аз Димишқ даъват кард, хушунат алайҳи эътирозгаронро бас карда, ба татбиқи оҷили ислоҳот бипардозад.
XS
SM
MD
LG