Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё мегӯяд, як гурӯҳи афсаронашро ба хотири ташкили хубтари набарди чирикиҳо алайҳи нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ ба Либия мефиристад. Вазири хориҷаи Бритониё Вилям Ҳейг гуфт, ин ҳайъат машғули тамрину мусаллаҳсозӣ ё таҳияи барномаи амалиёти низомии чирикиҳо нахоҳад шуд. Ҳейг гуфт, ин иқдом ҷавобгӯи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ аст, ки ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хотири дифоъ аз мардуми мулкии Либия иҷозат дода буд. ББС хабар дод, ки ин ҳайъат дар амалиёти муштараки Бритониёву Фаронса кумакҳои фанниву иктишофӣ хоҳад расонд. Вазири хориҷаи Фаронса Алан Жюпе дирӯз гуфт, Порис мухолифи ирсоли нирӯҳои заминӣ ба Либия мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG