Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбуси фирорӣ Фахриддин Кокулов кушта шуд


Фахриддин Кокулов
Фахриддин Кокулов
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, боз яке аз маҳбусони фирорӣ аз 25 нафареро, ки моҳи август аз боздоштгоҳи кумитаи амният дар Душанбе фирор карданд, дар водии Рашт хунсо кардаанд. Фахриддин Кокулови 31-сола, сокини рустои Ёнчи ноҳияи Шуғнон бо ҷурми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва убури ғайриқонунии марз маҳкум шуда буд.
Ба гуфтаи мақомот, Кокулов рӯзи 18 апрел дар яке аз навоҳии водии Рашт кашф ва дар пайи муқовимат кушта шуд. То имрӯз аз 25 маҳбуси фирорӣ 12 нафар боздошт ва 7 тан куштаанд.
XS
SM
MD
LG