Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон се хабарнигори шведро, ки дар ҷараёни эътирози ахири мухолифин дар Боку боздошт шуданд, ихроҷ кардааст. Май Роҳведдер Стрит, Чарлӣ Лапревот ва Шарлотта Вийкстром аз шабакаи “Sveriges” ба хотири бардоштани як филми мустанад дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон ба Озарбойҷон сафар карда буданд. Онҳоро пулис рӯзи 17 апрел боздошт кард. Орхан Мансурзода, сухангӯи вазорати умури дохилаи Озарбойҷон гуфт, хабарнигорони швед худро дар вазорати хориҷа сабти ном накардаанд ва ба ҳамин далели нақзи қонун ихроҷ шуданд. Аммо онҳо мегӯянд, ҳангоми дархости раводиди сафар касби худро пинҳон накарда буданд.
Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон аз мақомоти озарӣ тақозо кард, то ба мониагузориаш дар роҳи фаъолияти расонаҳои байналмилалӣ хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG