Пайвандҳои дастрасӣ

Э. Раҳмон имрӯз паёми солонаашро ироа хоҳад кард


Имрӯз, 20 апрел, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаашро ба ҳарду маҷлиси парлумон ва мардум ироа хоҳад кард. Паёми солона одатан як навъ натиҷагирии кори раисиҷумҳур ва маъмурияти ӯ дар як соли гузашта ва дурнамои фаъолиятҳои ӯву давлаташ барои як соли баъдист. Паёми имсолаи Раҳмон дар пайи гузашти як соли пурчолиш барои Тоҷикистон ироа мешавад. Соле ки пеш аз ҳама бо талошҳои то ҳанӯз нокоми Душанбе ҷиҳати мустақилона шурӯъ кардани сохтмони нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳими Роғун ва нооромиҳои водии Рашт дар ёд мемонад. Ва дуруст дар остонаи ироаи паёми Раҳмон мақомоти қудратии Тоҷикистон аз хунсо шудани таҳдиди гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, аз охирин фармондеҳони саркаши мухолифини собиқ дар водии Рашт гузориш доданд. Аммо тайи як соле ки рафт, аз нукоти аслии паёми қаблии Эмомалӣ Раҳмонт кадомаш ба субут расид ва кадомаш ҳамчунон дар коғаз монд?
XS
SM
MD
LG