Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз паёми Путин ва Раҳмон то анҷумани Чернобил


Имрӯз, 20 апрел, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо паёми солонааш ба ҳарду маҷлиси парлумон ва ба мардум муроҷиат мекунад. Сарвазири Русия Владимир Путин имрӯз гузориши солонаи ҳукуматашро ба Думаи давлатӣ ироа хоҳад кард. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба дунболи боздид аз Сербистон имрӯз роҳии Мақдуния мешавад. Имрӯз дар Минск ҷаласаи муштараки Шӯрои вазоратҳои дифоъи Беларусу Русия ва дар Киев анҷумани серӯзаи махсуси пайомадҳои садамаи нирӯгоҳи ҳастаии Чернобил оғоз ба кор хоҳад кард. Имрӯз, 20 апрел, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз қароргоҳи сомонаи иҷтимоии Facebook дидан карда, дар як ҳамоиш пиромуни масоили иқтисодӣ сӯҳбат мекунад. Ва ҳам имрӯз, 20 апрел, солгарди нахустини хуруҷи нафт аз як кони ширкати ВР ба обҳои халиҷи Мексика аст, ки бузургтарин фалокати зистмуҳитӣ дар таърихи Амрико унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG