Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки Бритониё ба шӯришиёни Либия


Бритониё афсарони низомии худро барои кӯмак ба шӯришиёни Либия дар ташкили беҳтари муҳорибаҳо зидди нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ сафарбар мекунад.

Дар изҳороти имрӯза вазири хориҷаи Бритониё Уилям Ҳаг гуфт, ки ин гурӯҳ дар тамрин ва мусаллаҳсозии шӯришиён мусоидат карда, вале дар тарҳрезии амалиёти низомӣ мудохила нахоҳад кард.

Ҳаг гуфт, ки Бритониё шӯришиёнро тарзе кӯмак мекунад, ки тавони ҳизфи ҷони мардуми осоиштаро дошта, инчунин онро бо васоили мухобиротӣ ва ҳам силоҳҳои ҳифозатӣ таъмин хоҳад кард. Вай гуфт, ки чунин амали Бритониё мутобиқ ба талаботи Шӯрои амнияти СММ хоҳад буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG