Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоб: Риши дароз ё футбол?


Парвиз Турсунов, бозигари дастаи "Хайр" (Ваҳдат)

Парвиз Турсунов, бозигари дастаи "Хайр" (Ваҳдат)

Парвиз Турсунов шояд ҳеҷ гумоне надошт, ки доир ба риши дарози ӯ рӯзе дар матбуоти Амрикову Русияву Аврупо менависанд.

Маҳз ҳамин ришаш, Парвиз Турсунов, бозигари тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро ба қаҳрамони матбуоти дохилӣ ва хориҷӣ табдил дод ва дигарбора баҳси ришро ба сафҳаи рӯзномаҳои Тоҷикистон кашид.
Барои риоя накардани оинномаи бошгоҳ, барои пайваста ҳозир нашудан дар тамринҳо ва бозиҳои расмӣ Парвиз Турсунов аз мақомаш барканор мешавад...


Моҷаро аз он оғоз ёфт, ки аввал бо такя ба гуфтаҳои Тоҳир Мӯъминов, сармураббии тими “Хайр”, хабаре нашр шуд, ки гӯиё мақомоти интизомӣ намехоҳанд, бозигари даста бо риши дарозе, ки хоси муллоҳост, ба майдон барояд ва аз ин рӯ Парвиз Турсунов дар бозиҳои даста дар сабқати Лигаи олӣ ширкат намекунад.

Худи ӯ ҳам ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфтааст, агар масъалаи риш ва футбол дар миён бошад, ӯ аввалиро интихоб мекунад. Аммо як рӯз баъд аз нашри хабар, Парвиз Турсунов расман аз тими “Хайр” хориҷ карда шуд, зеро ба гуфтаи Тоҳир Мӯъминов, мушкил на риш, балки рафтори Парвиз будааст.

"БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ОИННОМА ХОРИҶ МЕШАВАД"

Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи "Хайр"-и Ваҳдат
Вай афзуд: “Барои риоя накардани оинномаи бошгоҳ, барои пайваста ҳозир нашудан дар тамринҳо ва бозиҳои расмӣ Парвиз Турсунов аз ҳамин рӯз, 19-уми апрел, аз мақомаш барканор мешавад. Ҳамчунин, ин бозигар оинномаи Федератсияи байналмилалии футбол, муқаррароти ФИФА-ро риоя намекард. Масалан, ӯ бояд бар асоси муқаррарот дар либоси ягона ба бозиҳо ҳозир мешуд, аммо ӯ пайваста таҳпӯши дигар мепӯшид, ки ин ҳам як мушкили бисёр ҷиддӣ буд. Бо ин, Парвиз Турсунов оинномаи бошгоҳ ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро риоя намекард. Ҳамаи ин сабаб мешавад, ки ин футболбозро аз мақомаш барканор кунем."

Парвиз Турсунов ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, касе аз мақомоти интизомӣ ба риши ӯ кордор нашудааст ва бинобар масоили хусусӣ ӯ дар бозиҳои дастаи “Хайр” ширкат намекард: “Ягон кас маро нагуфтаст, ки ришатро гир, маро ҳеҷ гоҳ ба Вазорати умури дохилӣ даъват накардаанд. Як-ду кори хусусӣ дорам, ду мошин дорам, ки таъмир мекунам, вақт тангӣ мекунад. Барои ҳамин дар тамринҳо ширкат намекунам. Қонун ҳамин аст, тамрин, ки накардӣ, ба бозиҳо ҳам роҳ намедиҳанд.”

"БО РИШИ ПАРВИЗ МУШКИЛ НАДОШТЕМ"


Парвиз Турсунов дар ҳайъати дастаи "Хайр"
Мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, бо риши Парвиз Турсунов, ки аз бозигарони бомаҳорати “Хайр” буд, мушкил надошт, зеро дар муқаррароти федератсия доир ба зоҳири футболбозон чизе гуфта нашудааст.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли федератсия ба Радиои Озодӣ гуфт: “Порсол ҳам ин бозигар бо риш бозӣ карда буд ва Федератсияи футболи мамлакат ягон эътирозе надошт. Ман ҳамчун дабири кулл мегӯям, ки дар давлатҳои Аврупо Осиё ва Африқо ҳам бозигароне ҳастанд, ки риш доранд."

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам эълом кард, ки ба риши Парвиз Турсунов коре надоштааст, вале агар ошкор шавад, ки нафаре аз кормандони вазорат худсарона монеи ҳунарнамоии Парвиз Турсунов шудааст, нисбат ба ӯ чораҳои муносиб андешида хоҳад шуд.

НАЗАРИ МАҚОМОТИ ВКД


Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВКД
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Нисбати ӯ аз ҷониби кормандони вазорати дохилӣ ягон фишор нашудааст ва агар нисбати ӯ ягон корманд фишор оварда бошад ва монеи ширкати ӯ дар мусобиқаҳои варзишӣ шуда бошад, ӯ метавонад ба раҳбарияти вазорат муроҷиат кунад ва нисбати он нафарон чораҳои дахлдор андешида мешавад."

Агарчӣ мақомотии расмии Тоҷикистон мегӯянд, расман аз Парвиз Турсунову масъулони тими “Хайр” чизе нахостаанд, вале насиҳатҳои дӯстона ба матбуот ва ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ яке аз роҳҳои роиҷи таъсиргузории мақомоти Тоҷикистон ба он ниҳодҳост.

Яке аз бозигарони дастаи “Хайр” ба Радиои Озодӣ гуфт, сарпарастони тим ва ҳамингуна бозигарон ва дӯстонаш ба Парвиз Турсунов тавсия додаанд, ки ба хотири даста ва футбол, ҳадди аққал ришашро кӯтоҳ кунад, аммо Парвиз нахостааст, аз ришаш ба истилоҳ ҷудо шавад.

"ОДАТ КАРДАЕМ, КИ ӮРО БУБИНЕМ"

Вале дар ин байн қурбонии ниҳоии баҳси риши Парвизу мақомот, мухлисони дастаи “Хайр” ҳастанд, ки бешак ӯро пазмон хоҳанд шуд. Худодод Каримов, як омӯзгори шаҳри Ваҳдат ва мухлиси “Хайр” мегӯяд: "Парвиз Турсунов беҳтарин бозигари дастаи “Хайр” мебошад. Вай аслан муҳофизатгар аст, вале ӯ дар ҳамаи хатҳо хуб бозӣ карда метавонад. Мо, мухлисон, аз ҳунари волои ӯ порсол хеле лаззат бурдем. Вале, мутаассифона, мо Парвизро дар ду бозии имсолаи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар ҳайати дастаи “Хайр” надидем ва хеле маъюс шудем. Фикр мекунам, дар ин ҷо риш доштан ё надоштани ӯ ягон нақши муҳим намебозад. Ба ҳар ҳол, мухлисони дастаи “Хайр”-и Ваҳдат одат кардаанд, ки ӯро дар бозиҳо бубинанд."

Баҳси риш дар Тоҷикистон муддатҳост идома дорад, зеро ҳукумат аз авҷ гирифтани ифротгароии исломӣ нигарон аст. Аз ҷумла, аввали моҳи майи соли гузашта гурӯҳе аз афроди ришдор дар Душанбе боздошт ва пас аз ташхиси ҳувияташон раҳо шуданд.

Аммо Парвиз Турсунов ҳамоно бар ақидааш содиқ аст ва дар вокуниш ба хабари он ки аз дастаи “Хайр” хориҷ шудааст, чунин гуфт: “Ман дар назди Худо пок бошам, шуд, алҳамдуллилоҳ.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG