Пайвандҳои дастрасӣ

Барои сипари нави Чернобил 550 миллион евро ваъдаи кӯмак шуд


Имрӯз дар шаҳри Киев нишасти байналмилалие баргузор шуд, ки ҳадафаш ҷалби маблағҳо барои кӯмак ба Украина дар бунёди сипари нави реактори ҳастаии Чернобил мебошад. Президенти Украина Виктор Янукович гуфт, ки дар остонаи нишаст кишварҳои донор ва созмонҳои имдодрасон ваъдаи ироаи кӯмакҳои пулӣ карда буданд.

"Имрӯз мо барои такмил кардани тарҳҳои марбут ба Чернобил 550 миллион евро ваъдаи кӯмак дарёфт кардем. Фикр мекунем, ки ин танҳо аввали кор аст. Худи Украина 29 миллион евро саҳмгузорӣ хоҳад кард”.

Ба қавли президенти Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо, барои бунёди сипари нави болои реактори Чернобил ва таъмини амнияти он 740 миллион евро зарур аст. Баррозо изҳори умедворӣ кардааст, ки расидан ба ҳадафи дарёфти ин миқдор маблағ душвор нахоҳад буд.


Баргузории нишасти байналмилалии кӯмак ба Чернобил дар остонаи бузургдошти 25-умин солгарди яке аз пурфоҷеатарин садамаҳои ҳастаии ҷаҳон баргузор мешавад, ки 26 апрели соли 1986 дар натиҷаи таркиш ва сӯхтор дар пойгоҳи ҳастаии Чернобил ба вуҷуд омад.
XS
SM
MD
LG