Пайвандҳои дастрасӣ

Писари Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар марги як шаҳрванди Чин муттаҳам мешавад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Фарҳод Абдуллоеви 25-сола бо мошини тамғаи BMWx6 рақами давлатиаш ГМ 6162, шаҳрванди Чин Люг Жеунро, ки дар ширкати роҳсозӣ кор мекард, пахш намудааст.

Ин садамаи нақлиётӣ рӯзи 12-уми апрел тақрибан соати 11-и шаб дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе рух додааст.

Садои Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВУД:



Ба гуфтаи як манбаъ аз ВУД, ҳоло алайҳи Фарҳод Абдуллоев парванда ифтитоҳ ёфта ва тафтишоти қазияро додситонӣ идома медиҳад.

Аммо то ҳанӯз иҷоза барои боздошти Фарҳод Абдуллоев содир нашудааст. Мақомот ҷузъиёти дигареро дар ин бора ироа накардаанд.

Фарҳод Абдуллоев, ки ҳамагӣ 25 сол дорад, дар Шӯрои адлияи Тоҷикистон ба унвони мутахассиси пешбари бахши додрасҳои иқтисодии Раёсати додрасҳои дастгоҳи Шӯрои адлия кор мекунад.

Дар Шӯрои адлияи Тоҷикистон ин хабарро таъйид карданд, вале замоне хостем бо худи ӯ сӯҳбат кунем, гуфтанд, ки Фарҳод Абдуллоев дар ҷои кор ҳузур надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG