Пайвандҳои дастрасӣ

Ман дар СССР зистам


Рости гап дар соли 1977 дар авчи хуруши режими комунисти дар вилояти Хатлон, шахри Кургонтеппа ба дуне омадам. Хеле хотироти хуб ва дилмонанд дорам. Аввалан ки низоми маориф дуруст буд ва мане тавонистам дар як дехае таълими илм бигирам ва то ба имруз шахсе шудам ки дар чомеа метавонам хидмате ба мардум расонам. Агарчи хотироти даврони Шурави каме аз нигохи озодии дин ва вичдон гамангез буд, вале на то ба ин дарачае, ки имруз аст. Вактхои Шурави масчидхоро бо номи Чойхона, мехмонхона, ва гайра ном мебурданду аз он хамчун масчид истифода менамуданд.

Дигар ин ки звазъи ичтимоии мардум хеле боло буд ё инки ниёзи ичтимоии мардум паст буд. Хъеч кас боке надошт, ки гурусна мемонад ва ё бе чои кору бе хонаву дар мемонад. Алалхусус худи ман. Муаллимони мактабам дар болоям шуру гавго мебардоштанд ва хар кадомашон мехостанд, ки маро ба донишгохи давлатии миллии имруза аз руи ихтисоси худашон пешбари намоянд. Вале такдир ба имрузхо кашиду ман риштаи хукукшиносиро пеша намудам.

Хотироти даврони шуравиро баъди ба воя расиданам ба кадраш расидам. Афсус мехурам ки ин давлат муносибати душмани ба дин дошт. Агар чунин намебуд, ин давлат пояи абади дошт. Дар даврони Шурави ман дар баробари таълими улуми дуняви дар назди як катор уламои бузурги Ислом таълим гирифтаам. Махз даврони Шурави ё СССР буд, ки ман тавонистам ба дониши худ донише зам намояму, максаду мароми худро баен карда тавонам. Аз хама чолиби диккаташ ин ки дар даврони Шурави масъалаи фиреби мардум, поймолии хукукхои онхо дида намешуд. Ин давлат як давлати вокеан ичтимои буд. Мардум гурусна ва ташна набуданд, чои кори доими, музди мехнат доштанд. Аз хама мухимаш муаллим тарбиятгирандаи мо – маоши хуб дошту содикона барои таълиму тарбия камар мебаст.

Рости аз хокимияти СССР то андозае рози будам.

Зафар Курбонов, адвокат

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG