Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори “Имрӯз-News” ба додгоҳ кашида шуд


Рӯзномаи "Имрӯз-News"
Рӯзномаи "Имрӯз-News"

Додгоҳи ноҳияи Сино алайҳи хабарнигори “Имрӯз-News”, Мирзомуроди Бозор, парванда боз кардааст.

Бар асоси ин парванда, Мирзомуроди Бозор ва як сокини шаҳри Душанбе, ки ронандаи мусофирбари тамғаи “Тангем” будааст, дар таҳқир ва бӯҳтони сарнозири бахши бехатарии ҳаракати роҳи “Воҳиди махсус”-и ВУД муттаҳам мешаванд.

Қаландар Нозиров, як масъули “Воҳиди махусус”-и Вазорати умури дохилӣ, аз болои хабарнигор ва ронанда ба додгоҳ шикоят бурда ва гуфтааст, ки онҳо бо нашри як матлаб ӯро бидуни асос дар гирифтани ришва муттаҳам намудаанд.

Мирзомуроди Бозор
Вай дар шикояти худ навиштааст, Мирзомуроди Бозор ва ронандаи "Тангем" ӯро таҳқир ва тӯҳмат намуда, обрӯяшро дар назди ҳамкорон ва ҷомеа паст задаанд.

Хабарнигори "Имрӯз-News" рӯзи чаҳоруми марти соли ҷорӣ бо шикояти ронандаи мусофирбари тамғаи "Тангем" зери унвони "06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!" матлаберо ба нашр расонидааст.

Дар ин матлаб ронандае бо номи Маҳмадраҷаб Шарипов ба хабарнигор нақл кардааст, ки нозири роҳ бо рақами сарисинагиии 06008 аз ӯ барои гӯиё нақзи қоидаи роҳ 10 сомонӣ ришва гирифтааст.

Нахустин рӯзи муҳокимаи парвандаи Мирзомуроди Бозор, хабарнигори "Имрӯз-News" ва як ронандаи "Тангем" субҳи рӯзи 20-уми апрел баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG