Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Cулҳи”-и додрасҳо бо се нашрияи мустақил


Баҳс миёни додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон ва се нашрияи мустақил бо мусолиҳа анҷомидааст.

Амриддин Сафоев, додраси Додгоҳи ноҳияи Сино, ки баррасии қазияро ба ӯҳда дошт, ин хабарро таъйид кард, аммо афзуд, ин мусолиҳа ҳанӯз ниҳоӣ нест ва ҳанӯз ба ҳукми қонун надаромадааст: «Дирӯз қарорро қабул кардем, то даҳ рӯзи дигар тибқи қонун ҳаққи шарҳ додани мавзӯъро надорем, зеро бар пояи қонун, то ин мӯҳлат ҷонибҳо ҳақ доранд аз рӯи ин қарор ба додгоҳ шикоят баранд. То эътибори қонунӣ пайдо накунад, масъаларо ҳалшуда ҳисобидан мумкин нест.»

БАҲСЕ, КИ БЕШ АЗ ЯК СОЛ БОЗ ИДОМА ДОРАД


Ин баҳс 2-юми феврали соли 2010 шурӯъ шуда буд. Мавзӯъи баҳс шикояти ду додраси Додгоҳи Олӣ - Нур Нуров ва Улуғбек Мамадшоев ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе - Фахриддин Додоматов буд, ки нашрияҳои «Озодагон», «Фараж» ва «Азия-плюс» - ро барои тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори худ муттаҳам карда, барои ҷуброни зарари маънавӣ ситонидани 5,5 миллион сомониро талаб карда буданд. Илова бар ин, додрасон тақозо карда буданд, ки муаллифи матлаби ин нашрияҳо - вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев шахсан 1,1 миллион сомонии дигар ба онҳо ҷуброн пардохт кунад. Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ додситони кули Тоҷикистон ва вакили дифоъ зимни як изҳорот, ки дар ин нашрияҳо чоп шуд, додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Додгоҳи олиро ба фасодкорӣ муттаҳам мекард.

ҚАЗИЯҲОИ ДОДГОҲИИ РАСОНАҲО


Дар ҳоли ба охир расидан ин охирин баҳс бо ширкати намояндагони матбуот дар додгоҳи ноҳияи Сино ва дар кулл Тоҷикистон нахоҳад буд. Ба додгоҳи ноҳияи Сино боз як ариза аз Қаландар Нозиров, як масъули “Воҳиди махусус”-и Вазорати умури дохилӣ ворид шудааст, ки Мирзомуроди Бозор, хабарнигори рӯзномаи «Имрӯзнюс» ва як ронандаро барои таҳқиру тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибораш пеши ҳамкорон ва ҷомеа муттаҳам мекунад. Дар матлабе хабарнигор бар пояи иттилои ронанда, корманди милисаро дар гирифтани ришва муттаҳам кардааст.

Исфандиёри Назар, сардабири «Имрӯзнюс» мегӯяд, рӯзнома тамоми далоил, аз ҷумла сабт ва аризаи ронанда ба вазорати корҳои дохиларо ба додгоҳ пешниҳод кардааст, аммо додгоҳ онҳоро кофӣ нахондааст: «Ба назари онҳо бояд, ки ҳангоми гирифтани пул шоҳид вуҷуд дошта бошад, дар ҳоле ки дар ҳеҷ давру замон барои ин кор шоҳид наовардаанд. Ҳам нашудидаем, ки касе барои ришватситонӣ шоҳид дошта бошад. Дар яке аз нишастҳо вазири корҳои дохилӣ иброз дошта буд, ки ҳар ронандае, ки аз тарафи кормандони роҳ мавриди тамаъҷӯӣ қарор мегиранд, метавонад танҳо бо овардани рақами нишони сарисинагиаш ба вазорат муроҷиат кунад ва вазорат чораҷӯӣ мекунад. Ин ҳам намунаи ҳамон дархости вазири корҳои дохила аст.»

Аввалин мурофиа миёни корманди вазорати корҳои дохила рӯзи 20-уми апрел шурӯъ мешавад.

БАҲСҲО ПОЁН НАЁФТААСТ...

Дар ҳамин ҳол, дар додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи кассатсионии нашрияи «Миллат» аз ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ низ шурӯъ шуд. Додгоҳ баҳси нашрия бо вазорати кишоварзиро ба нафъи ахирӣ ҳал ва «Миллат»-ро 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кард.

Аммо ин ҳанӯз феҳристи комили баҳсҳои додгоҳии мудаввом миёни нашрияҳо ва мақомоти гуногуни Тоҷикистон нест. Ҳанӯз баҳсҳо миёни нашрияи «Азия-плюс» ва Анвар Тағоймуродов, муовини вазири корҳои дохилӣ, ҳафтаномаи «Пайкон» бо «Тоҷикстандарт» ва Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, муассиси ҳафтаномаи «Пайкон» бо вазорати адлияи Тоҷикистон идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, суоле пайдо мешавад, ки оё метавон ба ҳалли мусбии ин баҳсҳо умед баст? Зеро ҳазинаи ҷубронҳо ва шартҳое, ки мақомот пеши нашрияҳо гузоштаанд, ба қавли коршиносон, метавонанд миёни ҳафтаномаҳоро шиканад. Ба гунаи мисол, Анвар Тағоймуродов, муовини вазири корҳои дохилӣ аз «Азия-плюс» як миллион сомонӣ, муодили 220 ҳазор доллари амрикӣ тақозо дорад ва ё дар зинаи аввал додгоҳ «Пайкон» барои пардохти 300 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 65 ҳазор доллар ба «Тоҷикстандарт» муваззаф шуд. Ҳамчунин бо тақозои вазорати адлия бояд муассиси «Пайкон» - Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ баста шавад.

УМЕДВОРӢ ВА НОУМЕДИҲО

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳалли мусбии баҳсҳо ба нафъи тарафайн бовар дорад ва умедвор аст, ки аз ин ба баъд ҳам мақомот ва ҳам расонаҳо дар баробари иҷрои вазифаҳои қонунии худ бештар масъулиятшинос хоҳанд шуд: «Вақте, ки ҳам даъвогарон, ҳам масъулини нашрияҳо, ҳам додгоҳҳо волоияти қонунро таъмин мекунанд ва тибқи қонунгузории миллӣ ва байнулмилалӣ ҳар қазияи ба мақомоти додгоҳӣ воридшударо баррасӣ мекунанд, ин ба нафъи кор аст ва барои баланд шудани имиҷи байнулмилалии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.»

Иддае дигар аз коршиносон ҳам бар инанд, ки силсилаи қазияҳои додгоҳӣ бо ширкати нашрияҳо вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вахим намудор кардааст. Ба қавли онҳо, нигарониҳои созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, сафоратҳои Амрикову кишварҳои Аврупо дар Тоҷикистон барои шакл гирифтани ҳамчунин тасаввурот мусоидат кардаанд ва паёмадҳо низ ба манофеъи давлати Тоҷикистон набудааст.
XS
SM
MD
LG