Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мусаллаҳона ба Вазорати дифои Афғонистон


Бар асари як ҳамла ба қароргоҳи Вазорати дифои Афғонистон, ду нафар кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд.

Як нафари либоси сарбози Урдуи давлатии Афғонистон дар тан ва як камарбанди ҳомили маводи мунфаҷира дар камар, чошти душанбеи 18-уми апрел дар дохили ин вазоратхона тирандозӣ кардааст.

ҲАМЛАИ ТОЛИБОН ДАР ҚАЛБИ КОБУЛ

Масъулияти ҳамла ба вазорати дифоъро, ки дар фосилаи начандон дуре аз Арки раёсатҷумҳурии Афғонистон воқеъият дорад, Толибон бар ӯҳда гирифт. Ин гурӯҳи чирикӣ, ки алайҳи давлати кунунии Афғонистон ва нерӯҳои эътилоф меҷангад гуфт, ҳамлаи рӯзи 18-уми апрелро як гурӯҳи чирикҳои толиб анҷом додаанд.

Сухангӯи Толибон ҳатто гуфт, ҳамла як амали тарҳрезишуда ба муносибати боздиди вазири дифои Фаронса Жерар Лонже буд, ки ба бовари чирикҳо, дар он соат дар дохили вазорат бо мақомоти низомии Афғонистон мулоқот мекард. Аммо мақомоти Фаронса мегӯянд, Жерар Лонже дар соати ҳамла дар дохили қароргоҳи Вазорати дифои Афғонистон набуд.

Вазорати дифои Афғонистон бо шарҳи кӯтоҳи қазия ва омори куштаву захмиҳо иктифо кардааст. Аммо генерал Довуд Амин, муовини раиси қувваҳои амниятии Кобул гуфт, ҳамла хунсо шуда ва феълан таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст.

Аммо ҳамла ба вазорати дифоъ суолеро дар зеҳни маҳофил халқ кард, ки оё ҳамлагар чигуна тавонистааст силоҳ ва маводи таркандаро дар зери либоси худ дохили сохтмоне кунад, ки башиддат ҳифозат мешуд? Ва он ҳам дар ҳоле, ки то замони оғози раванди ба нерӯҳои афғон супурдани масъулияти таъмини амният дар ин кишвари ҷангзада, чизе дар ҳудуди 3 моҳи дигар боқӣ мемонад.

ШЕВАҲОИ НАВИ ҶАНГИИ ТОЛИБОН

Чунин ба назар мерасад, ки чирикҳо дар пешорӯи ин маъракаи барои давлати Ҳомиди Карзай муҳим аз як шеваи нав – истифодаи сарбозони Урдуи давлатӣ дар амри анҷоми ҳамалот кор мегиранд, ки бахусус дар ҳафтаҳои охир густариши вижае пайдо кард.

Қаблан бо дасти як сарбози марзбон дар шимоли Афғонистон 3 сарбози амрикоӣ кушта шуд. Мавридҳои дигар сӯъиқасди як сарбоз ба ҷони фармондеҳи амниятии Қандаҳор ва ҳамлаи интиҳории як сарбоз дар ситоди фармондеҳии артиш дар Лағмон буд. Дар ин радиф ҳамла ба вазорати дифоъ давоми мантиқии ин шеваи ҷадиди набарди чирикҳои толиб арзёбӣ мешавад.

Табъан ин ҳамла мояи нигарониҳо дар байни мардуми оддӣ дар Афғонистон низ шудааст. Фахриддин, як сокини Кобул мегӯяд: “Вақте вазорати дифоъ тавони дифоъ аз худро надорад, пас мо, мардуми бечораро аз куҷо метавонад нигоҳ кунад? Толибону ҳар касе, ки мухолифи давлат аст, ҳама ҷой гирифтаанд дар дохили артишу пулис. Инҳо худашонро ҳатто нигоҳ карда наметавонанд.”

ТОЛИБОН ДАР СУФУФИ НЕРӮҲОИ АМНИЯТӢ?

Толибон қаблан иддао карда буданд, ки дар суфуфи нерӯҳои амниятиву низомии Афғонистон нуфуз доранд. Намояндаи Толибон ҳатто дар ин маврид фоизҳои мушаххасеро ҳам оварда буд, ки чанд дарсади артиш ё пулиси афғон ҳаводори онҳост.

Раҳбари хадамоти амниятии миллии Афғонистон низ дар як дидор бо вакилони парлумон вуҷуди чунин ба истилоҳ “колоннаи панҷум” дар дохили давлат ва нерӯҳои амниятиро таъйид карда буд.

Аммо бо он, ки то шурӯъи маъракаи таҳвили масъулияти таъмини амният аз нерӯҳои эътилоф ба нерӯҳои афғон 3 моҳи дигар боқӣ мемонад, як суоли аслӣ низ ин аст, ки оё Кобул қодир ҳаст, суфуфи нерӯҳояшро аз афроде, ки ба ҷониби мухолиф ҳаводорӣ мекунанд, пок кунад? Мавзӯъе, ки ояндаи давлати кунунии Афғонистон низ дар он гиреҳ хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG