Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими Либия Мисротаро барои СММ боз мекунад


Раҳбари идораи кумакҳои башарии СММ гуфт, режими Муаммар Қаззофӣ ваъда додааст, ки дастрасии СММ ба Мисрота – пойгоҳи иҳоташудаи чирикиҳо дар ғарби Либияро таъмин хоҳад кард. Валерӣ Амос афзуд, аммо режими Либия замонат надод, ки ҷанг дар ин севвумин шаҳри бузурги Либия ба хотири таҳияи шароити тавзеъи кумакҳои башарӣ қатъ хоҳад шуд. Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, тайи 7 ҳафтаи ҷангҳо дар Мисрота дастикам 267 нафар кушта шудаанд. Рӯзи душанбе тавассути як киштии фиристодаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ҳудуди 1000 хориҷиро аз Мисрота берун кашидаанд. Салиби Сурхи байналмилалӣ ҳам гуфт, ба хуруҷи 618 нафар аз Мисрота кумак кардааст.
XS
SM
MD
LG