Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани донорҳои Чернобил оғоз ба кор мекунад


Имрӯз дар Киев як анҷумани донорҳо, ки таҷаммӯъи садҳо миллион доллар кумак ба давлати Украина барои пӯшонидани реактори ҳастаии Чернобилро ба ҳадаф дорад, оғоз ба кор хоҳад кард. Садамаи Чернобил дар 26 апрели соли 1986 бузургтарин фалокати нирӯгоҳи ҳастаӣ дар таърих шинохта мешавад. Дар остонаи анҷумани Киев, ИА эълон кард, ки барои пӯшонидани реактори чоруми ин нирӯгоҳ ва барномаҳои дигар дар Чернобил 110 миллион евро ихтисос медиҳад. Мақомот умедворанд, ки дар ҳамоиши донорҳо, ки бо ширкати ИА ва гурӯҳи Ҷ8 хоҳад гузашт, то 740 миллион евро ваъдаи кумак дарёфт хоҳанд кард. Украина ҳафтаи оянда солгарди 25-уми фалокати Чернобилро ёд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG