Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 муҳандиси эрониро дар Фараҳ рабудаанд


Ромини Меҳмонпараст
Ромини Меҳмонпараст
Эрон мегӯяд, афроди мусаллаҳ дар ғарби Афғонистон 12 муҳандиси эрониро рабудаанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромин Меҳмонпараст гуфт, ин муҳандисон дар вилояти Фараҳ барои як ширкати сохтмонӣ кор мекарданд. Аммо ӯ аз далоили истода дар паси ин ҳамлаи рӯзи якшанбе чизе нагуфт. Ноиби волии Фараҳ Муҳаммадюнус Расулӣ гуфт, танҳо 9 тан аз рабудашудагон атбоъи Эрон ва сеи дигар афғон будаанд. Онҳо дар сохтмони шоҳроҳи 120-километрие, ки вилояти Фараҳро бо устони Хуросони Эрон хоҳад пайваст, кор мекарданд.
XS
SM
MD
LG