Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурхи байналмилалӣ гуфт, ба 618 муҳоҷир дар роҳи хуруҷ аз Мисрота, пойгоҳи иҳоташудаи чирикиҳо дар ғарби Либия, кумак кардааст. Ин созмони имдодӣ гуфт, ба Мисрота як киштии дигари ҳомили давову ғизо ва 8 000 литр об мефиристад, ки қарор аст, рӯзи чоршанбе ба ин бандари ҷангзада бирасад. Дирӯз Созмони ҷаҳонии муҳоҷират низ дар бораи берун кашидани 1000 нафар аз Мисрота гузориш дод. Вале ин созмон ҳушдор додааст, ки дастикам 4 000 муҳоҷири дигар дар онҷо мунтазири хуруҷ боқӣ мемонанд.
Бо ин ҳол, чирикиҳо мегӯянд, баъди чандин соати набардҳои хунин дар Мисрота кӯчаи муҳими Троблусро таҳти назорат овардаанд.
XS
SM
MD
LG