Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барамидзе: Гурҷистон баъди 15 сол узви ИА мешавад


Георгий Барамидзе
Георгий Барамидзе
Муовини сарвазири Гурҷистон Георгий Барамидзе дар Брюссел изҳори умед кард, ки кишвараш то 15 соли дигар ба узвияти ИА хоҳад пайваст ё дастикам дар марҳалаи ниҳоии пайвастан ба ин созмони қораӣ қарор хоҳад дошт. Барамидзе дирӯз дар Брюссел бо куммисари тавсиъаи ИА Стефан Фул мулоқот дошт. Гурҷистон ҳамроҳ бо Арманистону Озарбойҷон, Беларусу Молдова ва Украина ба барномаи Паймони мушорикати шарқии ИА шомил шудааст. Аммо давлати Михаил Саакашвилӣ пайвастан ба узвияти ИА ва паймони низомии НАТО-ро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG