Пайвандҳои дастрасӣ

Номзади наҳзатро ба рағми хоҳишаш сабт карданд


Саидиброҳими Назар

Саидиброҳими Назар

Куммиссиюни интихоботии ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе номзади Ҳизби наҳзати ислом Саидиброҳими Назарро сабти ном кард. Ин дар ҳолест ки оқои Назар қаблан ба далели роҳ наёфтани намояндагони ҳизб ба ҳайъати ниҳодҳои интихоботии ҳавза аз номзадии худ даст кашида буд. Аммо Абдуллоҳ Ҳабибов, раиси ҳавзаи Сино гуфтааст, ки Саидиброҳим Назарро анҷумани ноҳиявии ҳизб пешбарӣ карда буд ва ӯ бидуни ризоияти хаттии ин ниҳод ҳаққи бозхонди номзадиашро надорад. Дар ҳавзаи Сино, ба ин тартиб, 5 номзад, аз ҷумла дабири Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов ва сардабири ҳафтавори “Миллат” Толибшоҳ Саидзода сабти ном шудаанд. Интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза ба ҷои Шермуҳаммади Шоҳиён, ки раиси Куммисиюни марказии интихобот таъйин шуд, рӯзи 15 май доир мешавад.

XS
SM
MD
LG