Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи нави зидди полио дар Тоҷикистон


Айни маърака дар Ҳинд
Айни маърака дар Ҳинд
Дирӯз дар Тоҷикистон маъракаи навбатии воксинзанӣ алайҳи бемории фалаҷи кӯдак шурӯъ шуд. То 22 апрел, қарор аст, 1,1 миллион кӯдаки то 5-сола дар ин кишвар аз полиомелит эм бигиранд. Даври дуввуми маъракаи воксинзанӣ, ки бо кумаки созмонҳои имдодӣ доир мешавад, аз 23 то 27 май хоҳад гузашт.
Бурузи бемории фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон дар соли гузашта боиси эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи сафари шаҳрвандони хурдсолаш аз ҷумла ба Русия шуд. Дар соли 2009 дар ин кишвар 458 мавриди гирифторӣ ба ин бемории қаттол сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG