Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши тиҷорати хориҷӣ, аммо на бо Узбакистон


Мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон дирӯз дар як нишасти хабарӣ гуфтанд, ки тайи 3 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 47,4 дарсад афзуда, ба 1 миллиарду 153,5 миллион доллар расидааст. Аммо таносуби байни воридот ва содироти кишвар шадидан манфӣ боқӣ монда, 755 миллион доллар аз ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро воридот ва ҳамагӣ зери 400 миллионашро содирот ташкил медиҳад. 71 дарсади содирот ҳам аз ҳисоби фурӯши алюминий ва 23 дарсади дигараш аз фурӯши нахи пахта ба даст омадааст. Бо ин ҳол, ҳамагӣ чизе бештар аз як дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Узбакистони ҳамсоя будааст, ки ин ҳол мояи нигаронии Душанбе шудааст.
XS
SM
MD
LG