Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйдодҳои муҳими сешанбе, 19 апрел


Бан Ки Мун имрӯз ба Киев меравад
Бан Ки Мун имрӯз ба Киев меравад
Имрӯз, 19 апрел, дабири кулли СММ Бан Ки Мун бо як сафари дурӯза вориди Украина мешавад. Қарор аст, раисиҷумҳури Лаҳистон Бронислав Коморовский низ имрӯз аз Киев дидан кунад. Имрӯз дар Киев анҷумани донорҳои Чернобил оғоз ба кор мекунад. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз ба Сербистон сафар мекунад. Парлумони Хорватия имрӯз дар Мостар вазъи хорватҳо дар Бусниро баҳс хоҳад кард. Ва ҳам имрӯз, 19 апрел, Эрон дар рӯзи ниҳоии ҷашнвораи нафту газ аз 50-солагии таъсиси ОПЕК, Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт таҷлил мекунад.
XS
SM
MD
LG