Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни асосии нави Маҷористон пазируфта шуд


Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон

Имрӯз парлумони Маҷористон тарҳи нави Қонуни асосии кишварро пазируфт.

Аз Қонуни асосии нав фақат вакилон аз ҳизби ҳокими Фидес – Иттиҳоди шаҳрвандии Маҷористон пуштибонӣ карданд, ки 262 курсиро соҳибанд. 44 вакили парлумон алайҳи тарҳ раъй доданд.

Вакилон аз ҳизбҳои сотсиалистӣ ва либералии LMP дар раъйдиҳӣ ширкат накарданд.

Мухолифини Қонуни асосии нав мегӯянд, ки он ба хотири таҳкими мавқеъи ҳизби ҳукмрон таҳия шудааст. Раёсати ҳизби Фидесро нахуствазир Виктор Орбан бар дӯш дорад.

Қонуни асосии нави Маҷористон аз 1 январи соли 2012 татбиқ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG