Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти муҳоҷирати Озарбойҷон барои аз кишвар берун кардани се хабарнигор аз Шветсия тасмим гирифт.

Кормандони шабакаи аввали телевизиони миллии Шветсия Май Родерстрит, Шарлотта Уинстрем ва Чарли Латравот рӯзи якшанбе дар боғи Соҳил, воқеъ дар маркази Боку, замоне боздошт шуданд, ки ҳамоиши эътирозии мухолифинро наззора мекарданд.

Мақомоти Озарбойҷон сабаби ихроҷи хабарнигоронро бо надоштани сабти номи расмӣ дар вазорати умури хориҷии кишвар марбут кард. Ва аммо хабарнигорон мегӯянд, ки ягон иттиҳоми расмӣ алайҳи онҳо эълон нашудааст.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, хабарнигорони швед мехостанд дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Озарбойҷон филм таҳия кунанд.
XS
SM
MD
LG