Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррозу Украинаро дар дуроҳаи интихоб қарор дод


Жозе Мануэл Баррозу, раиси Комиссиюни Аврупо, вуруди Украина ба Иттиҳодияи гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистон ва ҳамзамон ташкили минтақаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Аврупоро ғайримумкин мехонад.

Ин изҳороти ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон баъд аз музокирот бо раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович садо дод.

Дар мулоқоти Баррозу ва Янукович эълон шуд, ки Комиссиюни Аврупо барои тарҳҳои марбут ба нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил ба таври иловагӣ 110 миллион евро ҷудо мекунад.

Қарор аст, ки Баррозу рӯзи сешанбе дар Киев дар конфаронси байнулмилалии “25 сол баъд аз фоҷиаи Чернобил. Амнияти фардо” ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG