Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати пешвои қабила боиси эътирозҳои густурда шуд


Дар шаҳри Ҳомс, воқеъ дар маркази Сурия, бар асари бархӯрди кормандони полис ва эътирозгарон аз 7 то 14 нафар кушта шудаанд.

Дар ин бора ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия хабар доданд.

Намоиши эътирозӣ дар ин шаҳр баъд аз ҳалокати пешвои як қабила, ки аз сӯи полис боздошт шуда буд, баргузор гардид.

Рӯзи якшанбе бо вуҷуди ваъдаҳои раисиҷумҳур Башор Асад барои лағви вазъи изтирорӣ, ки аз соли 1963 ба ин сӯ амал мекунад, дар чанд шаҳри Сурия намоишҳои эътирозӣ баргузор шуданд.

Дар Сурия беш аз як моҳ боз намоишҳои зиддиҳукуматӣ идома доранд, дар задухӯрдҳо бо нерӯҳои амниятӣ ва полис беш аз 200 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG