Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии интернет ҳукуматҳоро таҳрик мекунад


Созмони “Freedom House” мегӯяд, дар 5 соли гузашта истифода аз интернет дар ҷаҳон ду баробар бештар шудааст.

Ба гуфтаи ин созмон аз ин рӯ, ҳукуматҳо низ талоши назорат ба табодули озоди маълумот дар интернетро афзоиш додаанд.

Дейвид Креймер, раҳбари созмони "Хонаи Озодӣ" ё “Freedom House” иброз дошт, ки режимҳои ғайридемократӣ захираву таваҷҷӯҳи бештар барои ташкили сензура ва шаклҳои дигари назорат рӯи табодули интернетии маълумотро роҳандозӣ кардаанд.

Гузориши озодии интернетро СММ сармоягузорӣ намудааст. Бори аввал он соли 2009-ум доир шуда, "Хонаи Озодӣ" 15 кишварро мавриди таҳқиқ қарор дод. Имсол шумораи кишварҳои мавриди таҳқиқ ба 37 адад расидааст.

РАДДАБАНДИИ КИШВАРҲО

Бино бар гузориши “Хонаи Озодӣ”, феълан озодтарин кишвар аз нуқтаи назари истифодаи интернет Эстония мебошад. ИМА, Олмон, Австралия ва Британия мутаносибан дар ҷойҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум қарор доранд. Дар ҷойҳои охири гузориши "Хонаи Озодӣ" дар бораи озодии интернет Русия, Чин ва Эрон ҳамроҳ бо Бурмаву Кубаву Тунис қарор гирифтаанд.

Муаллифони гузориш менависанд, ки дар Русия, Таиланд, Урдун, Венесуэла ва Зимбабве имкони маҳдудгардонии минбаъдаи истифода аз интернет эҳсос мешавад.

“Хонаи Озодӣ” менависад, ҳоло ҳам дар Русия интернет ба истилоҳ як “платформаи бидуни сензураи табодули фикру ақида” мебошад, вале дар ду соли ахир кӯшишҳои маҳв намудани ин озодӣ ба чашм мехӯрад. Аз ҷумла сомонаҳои мухолифон баста мешаванд, дар 17 моҳи ахир 11 фарди блогнавис ҳабс шуд ва мансабдорон саъй доранд, корбарони интернетро барои ташвиқи ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" истихдом кунанд.

Намуди дигари фишори мақомоти Русия рӯи сомонаҳои интернетӣ латукӯби муаллифон ёд шудааст. Ибтидои соли 2011-ум дар Русия се ширкати бузургтарини телефонҳои мобил бо ҳадафи назорати маводи интернет ташаббусеро зери унвони “Интернети дӯстона” роҳандозӣ карданд.

Муаллифони ташаббус мегӯянд, ки онҳо мехоҳанд аз дастрасии кӯдакону наврасон ба матолиби фаҳшо, зӯроварӣ ва хатарзо ҷилавгирӣ кунанд.

Дар арафаи ташкили созмони “Интернети дӯстона” раҳбари он Евгений Беспалов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақсади онҳо на назорати интернет, балки ҷилавгирӣ аз маводи нигаронкунанда амсоли фаҳшо, зӯроварӣ, иғво ва даъват ба аъмоли носазо мебошад.

Аммо Андрей Солдатов, коршиноси умури амниятии Русия мегӯяд, ӯ аз ин ташаббусҳо зиёд хушҳол нест: “Солҳои ахир дар Русия як навъ ҳаккер ё қуфлшиканҳои интернетии ватандӯсте пайдо шудаанд, ки ҳамзамон бо фаъолони расмӣ бар зидди сомонаҳое, ки ба ақидаи “онҳо ватандӯст намебошанд” ва ё боз ҳам ба фикри онҳо, “зидди мардуми рус” ҳастанд, ҳамлаҳои интернетӣ ташкил мекунанд, ки хилофи қонун аст.”

МАҲДУДИЯТҲО ДАР АМРИКО ҲАМ ВУҶУД ДОРАД?

Чанде пеш ҳангоми сӯҳбат дар бораи озодии интернет ва табодули маълумот рӯзноманигорон аз котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон хостанд дар бораи маҳдудияти баъзе сомонаҳои интернетӣ дар ИМА ҳарф занад.

Хонум Клинтон гуфт, бар пояи қонунҳои мавҷуда ва ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, ИМА чунин амалро ба таври ошкоро анҷом медиҳад, ки ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз тавҳину тӯҳмат ва бадном кардани инсонҳо мебошад.

Ӯ афзуд, ки ҷониби мухолиф метавонад дар додгоҳ ин тасмимро мавриди баҳс қарор диҳад: “Аз байн бурдани мақолаҳо, маҳдуд кардани имкони вуруд ба сомонаҳо, ҳабси сухангӯён ва аъмоли шабеҳи он оламро зери фишор қарор медиҳанд, вале ғояҳои зербиноии оламро тағйир намедиҳанд. Онҳо бо ин амал фақат муаллифони ин идеяҳоро дар инзиво нигаҳ дошта, муҷозоти то ҳадде худсаронаи онҳоро имконпазир мекунад.”

ТОҶИКИСТОН ҲАМ ИСТИСНО НЕСТ

Дар таҳқиқоти "Хонаи Озодӣ" вазъи интернет ва озодии дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон арзёбӣ нашудааст, вале соли гузашта ҳангоми амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ бар зидди силоҳбадастон дар водии Рашт чандин созмони байналмилалӣ ва аз ҷумла ҳукуматҳои мамолики ғарбӣ аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет ва нашри баъзе расонаҳои мустақили Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карданд.

Зафар Абдуллоев, ки он замон раҳбарии сомонаи интернетии “Авесто”-ро бар дӯш дошт, бо ин маҳдудият рӯ ба рӯ шуда буд.

Ба қавли Абдуллоев, худи ҳамин маҳдудгардонии фаъолияти сомонаҳо гувоҳи он аст, ки ҳукумат нерӯи интернет ва расонаҳои интернетии Тоҷикистонро эътироф мекунанд: “Вазъи тирамоҳи соли 2010-ум ва иқдомҳои ҳукумат дар муқобили сомонаҳои мустақил аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои ахир сомонаҳои маҳаллӣ рушд намуда нуфузе пайдо кардаанд ва ҳукумат ба онҳо ба ҳайси як навъи дигари воситаи саросарии ахбори умум таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Табиист, ки дар чунин ҳол ҳукумат саъй доранд ҷараёни иттилоърасониро зери назорат гирад.”

Абдуллоев таъкид мекунад, ки расонаҳои интернетии Тоҷикистон мисли навниҳоле мебошанд, ки ба пуштибонӣ эҳтиёҷ доранд, вале дар амал на пуштибонӣ, балки бештар садгузориҳои мухталиф эҳсос мешавад.

Чанде пеш Абдуллоев сомонаи интернетиашро ба каси дигаре тақдим карду мехоҳад барои ташкили расонаҳои нав каме пул кор кунад.
XS
SM
MD
LG