Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сайидиброҳими Назар алорағми хоҳиши худ, ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон сабти ном шудааст.

Абдулло Ҳабибов, раиси комиссияи интихоботӣ дар ҳавзаи "Сино-4", мегӯяд, дар асоси конунгузории ҷорӣ Сайидиброҳими Назарро конфронси ноҳиявии ин ҳизб пешниҳод намуда, ҳаққи бозпас гирифтанро низ танҳо ин конфронс дар ихтиёр дорад.
Сайидиброҳими Назар қабл аз супоридани шаҳодатномаҳо, ба амалкарди ҳавзаи интихоботӣ, ки аз ворид кардани намояндагони ин ҳизб ба ҳайати участкаҳо худдорӣ кард, эътироз намуда, ҳавзаро тарк гуфта буд...


Вале ҷаноби Ҳабибов афзудааст, бо ин вуҷуд, то ба ҳол муваффақ нашудаанд, ки шаҳодатномаи номзадиро ба намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ бисупоранд.

Аммо Саидиброҳими Назар дар мавриди мушкили пешомада ба радиои "Озодӣ" гуфт, тасмими ниҳоиро Шӯрои олии ин ҳизб хоҳад гирифт, ки субҳи рӯзи 19-уми апрел баргузор мегардад

Саидиброҳими Назар рӯзи 5-уми апрел аз ворид нашудани аъзои ҲНИТ ба ҳайати комиссияҳои раъйшуморӣ эътироз карда ва гуфта буд, ки дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳафзаи Синои пойтахт иштирок намекунад.



Пас аз ин аз панҷ номзади муаррифишуда барои ширкат дар интихоботи миёндавраии ҳавзаи "Сино"-и шаҳри Душанбе, чаҳор нафари онҳо сабти ном гардида, шаҳодатномаи сабтиномро дарёфт карда буданд.

Абдулло Ҳабибов, раиси ҳавзаи интихоботии "Сино", рӯзи 5-уми апрел дар қароргоҳи ин ҳавза ба Амриқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон аз ҲХДТ, Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрӣ ва Толибшоҳи Саидзода, сардабири нашрияи "Миллат" ва Сафарбек Маннонов, муовини раиси Маркази миллии тиббии Тоҷикистон, ки ба таври худпешбарӣ номзад шудаанд, шаҳодатномаҳои сабтиноми номзадро супорида буд.

Вале ҳамон тавре ки ишора шуд, Сайидиброҳими Назар, узви раёсат ва шӯрои олии ҲНИТ, ки яке дигар аз номзадҳо барои ширкат дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи "Сино" буд, қабл аз супоридани шаҳодатномаҳо ба амалкарди ҳавзаи интихоботӣ, ки аз ворид кардани намояндагони ин ҳизб ба ҳайати участкаҳо ва ё марказҳои раъйшуморӣ худдорӣ кард, эътироз намуда, ҳавзаро тарк гуфта буд.

Дар зимн, ҳавзаи интихоботии "Сино-4" дорои 48 участкаи интихоботӣ буда, ҳудуди 70 ҳазор интихобкунанда дорад ва интихоботи миёндавраӣ дар ин ҳавза рӯзи 15-уми май баргузор хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG