Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзандони мансабдорон ба артиш ҷалб мешаванд?


Мақомот сафарбарии фарзандони афроди мансабдорро ба артиш роҳи хуби ҷалби ҷавонон ба сарбозӣ медонанд.

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, бо таъкид ба ин нукта гуфт, азбаски бахши аъзами волидон аз фиристодани
Масъулони ҳукумат мегӯянд, агар фарзандони афроди мансабдор ба хидмати ҳарбӣ бираванд, тарси сокинони маҳаллӣ аз ҷалби фарзандон ба артиш каму дилпуриашон зиёдтар хоҳад шуд...
писарашон ба аскарӣ ҳарос доранд, бояд хизматчиёни давлатӣ ва мансабдорони маҳаллӣ барояшон намунаи ибрат шаванд.

Ба иддаои ҷаноби Сайдалиев, шабехуни тирамоҳи гузашта дар дараи Камароб, ки дар он 28 сарбози Вазорати дифоъ кушта ва беш аз 10 нафари дигар маҷрӯҳ гаштанд, дар рӯҳу равони сокинони кишвар асари манфӣ гузошта ва дар дили онҳо тухми тарсу бимро киштааст.

"НАБОЯД КАСЕ ИСТИСНО ШАВАД"

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара
Раиси ноҳияи Данғара афзуд, афроди мансабдор ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ бояд дар навбати аввал фарзандони худро ба артиш гусел кунанд ва ба ин васила зарурати адои хизмати низомиро ба сокинони маҳаллӣ таъкид намоянд.

"Фарқ надорад, ки фарзанди кист, мансабдор аст ё одами қаторӣ, бояд хидмати ҳарбиро адо кунад. Бояд хизматчиёни давлатӣ, пеш аз ҳама, фарзандони худро ба артиш гусел кунанд, пас аз он таблиғ намоянд. Дар даъвати баҳорӣ ҳам аввал фарзандони мансабдоронро ба хидмати ҳарбӣ равон кардем. Набояд касе истисно шавад"
,-илова кард ӯ.

Ҷаноби Сайдалиев афзуд, дар даъвати баҳории ҷавонон фарзандони чанд муовини раиси ноҳия ба артиш сафарбар шуданд. Вале раиси Данғара дар мавриди чаҳор писараш гуфт, агар ҳам онҳо расман дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон адои хизмати низомӣ накардаанд, дар донишгоҳ кафедраи ҳарбиро хатм карда, ҳоло "афсарони эҳтиётӣ" мебошанд.

АРТИШИ ДЕҲҚОНУ КОРГАР?

Маҳмадалӣ Акрамов, коршинос
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои коршиноси маҳаллӣ Маҳмадалӣ Акрамов, таҷриба нишон медиҳад, ки дар аксар маврид маҳз фарзандони афроди мансабдор аз хидмати сарбозӣ парҳез мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, мусоидату миёнаравии мансабдорон барои худдории писаронашон аз хидмати ҳарбӣ адолати иҷтимоиро ба ҳам мезанад, ки пайомадҳои хуб нахоҳад дошт.

Вай афзуд, "одамони сарватманд фарзандашонро ба ҳар роҳу восита шомили донишгоҳ мекунанд, то ба хидмати аскарӣ наравад. Ҳамин тавр, фақат бачаҳои оилаҳои нодор, ки наметавонанд ба донишгоҳ дохил шаванд ва аз ҳуқуқи таъхири замони хидмати ҳарбӣ бархӯрдор шаванд, сарбози ватан мешаванд. Дар ҳоле ки фарзанди одамони мансабдор ба хизмати ҳарбӣ раванд, падару модарон ҳам дилпурона фарзандони худро барои хизмати модар-ватан мефиристанд."

Ҳарчанд дар Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон мегӯянд, ҳангоми ирсоли даъватнома ба аскарӣ тафовут миёни фарзандони одамони мансабдору кишоварзони одӣ гузошта намешавад, бино ба шоҳидии бархе аз сарбозони нерӯҳои мусаллаҳ, теъдоди фарзанди афроди мансабдори баландпояи тоҷик дар артиш бисёр андак аст.

ТАРСУ НОБОВАРӢ

Далер Шарифов, донишҷӯ
Далер Шарифов, донишҷӯи донишгоҳи Қӯрғонтеппа, мегӯяд, агар бидонад, ки писари раиси як ноҳия ё вазире дар артиш ҳамхизмати ӯ хоҳад буд, омодааст, ки ҳамин ҳоло ба аскарӣ биравад: "Агар дар қувваҳои мусаллаҳ шароити хизмат ва ғизо таъмин карда шаванд, фикр мекунам, ки ҷавонони зиёде ба хидмати аскарӣ мераванд. Аммо аз баъзе ҳамсолоне, ки аз аскарӣ бармегарданд, бисёр мешунавем, ки дар қисмҳои ҳарбӣ ғизои дуруст намедиҳанд, тартибу низом ҷорӣ нест, ҳама одамони нодору бе пушту паноҳ адои хизмат мекунанд."

Аз таҷрибаи сафарбарии фарзандони афроди мансабдор ба артиши Тоҷикистон ҳанӯз дар тирамоҳи соли гузашта дар вилояти Хатлон истифода шуда буд. Раиси ноҳияи Қубодиён дар моҳи октябри соли гузашта гуфта буд, ки аз ин ноҳия беш аз 30 ҷавон аз оилаҳои сарватманду хизматчиёни давлатӣ ба аскарӣ сафарбар шудаанд.

Имсол кормандони ҳукумати шаҳри Сарбанд ҳам бо дастури раиси ҳукумат фарзандони болиғу қобили хизматашонро ба артиш гусел кардаанд. Зеро кушта шудани ду сарбоз ва маҷрӯҳ гаштани як сарбоз дар Камароб, ки аз шаҳри Сарбанд ба хизмати ҳарбӣ рафта буданд, волидони ҷавонони дигари сарбандиро ҳаросон карда, мавридҳои фирору худдорӣ аз пайвастан ба сафи артиш зиёд ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG