Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фаъолияти "Ҷунбиш алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ"


Додгоҳи шаҳри Маскав “Ҷунбиш алайҳи муҳоҷирати ғайриқонуни”-ро созмони ифротгаро эълон ва фаъолияти онро манъ кард.

Дар бораи манъи ин созмон додситонии шаҳри Маскав дархост ироа карда буд. Ба иттилоъи додситонӣ, раҳбарон ва аъзои “Ҷунбиш алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ” чандин бор дар чорабиниҳое ширкат доштанд, ки ба хотири ангехтани низоъи қавмӣ роҳандозӣ шуда буданд.

Зимни суханронӣ дар мурофиаи додгоҳӣ, намояндаи додситонӣ аз чаҳор ҳукми додгоҳ дар баробари бахшҳои минтақавии “Ҷунбиш алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ” ҳам ёдовар шуд.

Баъд аз намоишу гирдиҳамоиҳои созмондодаи “Ҷунбиш алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ” садҳо шаҳрвандони ғайриславянии Русия ҳадафи лату кӯби миллатгароҳо қарор гирифта, чандин нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG