Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргириҳо дар шаҳрҳои Мисурата ва Адҷабия


Нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ мушакборони шаҳри Мисурата, воқеъ дар ғарби кишварро, идома медиҳанд.

Ба иттилоъи ошӯбгарон, бар асари ҳамлаи ин нерӯҳо дасти кам шаш нафар кушта ва тақрибан 50 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Нерӯҳои ҳукуматӣ мавқеъҳои ошӯбгарон дар шаҳри Адҷабияро ҳам мушакборон карданд.

Рӯзи якшанбе Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё, имкони баргузории амалиёти низомии заминӣ ба хотирикӯмак ба мухолифини Қаззофиро истисно намуд.

Раиси Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман Ван Ромпей Шӯрои миллии таъсискардаи ошӯбгаронро ҳампаймоне номид, ки аз манфиатҳои мардуми Либия дифоъ мекунад.
XS
SM
MD
LG