Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

WB ва Идораи инкишофи байналмилалии Бритониё дар мавриди нақши маводи мухаддир дар иқтисоди Афғонистон гузорише ба нашр расондаанд.

Ҳадафи гузориш ҷустуҷуи шева ва раҳбурдҳоест, ки Афғонистон метавонад барои коҳиш ва саранҷом аз байн бурдани маводи мухаддир ба мавқеъи иҷро дарорад. Бонки Ҷаҳонӣ ва Идораи инкишофи байналмилалии Бритониё шаш роҳи аслии ҳали масъаларо нишон додаанд, ки бо иҷрои он Афғонистон метавонад аз кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир даст кашад. Абдулрауф Зиё - сухангуи Бонки Ҷаҳонӣ дар Кобул ва яке аз муаллифони ин гузориш дар суҳбат бо мо дар ин бора чунин гуфт:

"Тақвияти систем ва инкишофи деҳот ва қасаботи Афғонистон роҳи аслии расидан ба ҳадаф аст. Ба хусус аз тариқи баъзе барномаҳои давлатӣ, ки чанд сол аст ҷараён дорад. Маълум мешавад, ки ин барномаҳо бар асоси мутолеъоте сурат гирифта ва муваффақ будааст. Масалан, барномаи ҳамбастагии миллӣ ё барномаи рушди рустоҳо, барномаи қарзҳои кучак ва соири барномаҳои давлатӣ, ки муваффақ будаанд. Иҷрои барномаҳои мавҷуд барои бурунрафт аз вазъи мавҷуд метавонад роҳи ҳал бошад".

Роҳи дигари бурунрафт аз вазъи кунунии маводи мухаддир дар Афғонистон, ки дар гузориши мазкур омадааст, бахши тиҷорат ё рушди соҳибкорӣ дар вилоёт ва вулусволиҳову деҳоти ин кишвар аст. Абдулрауфи Зиё мегуяд, барои амалӣ шудани чунин кор бояд заминаҳои мусоид фароҳам ояд:

"Бояд заминаи кор мусоид шавад. Барои афғонҳо, ба хусус деҳқонҳо дар маҳаллоти мухталиф замина фароҳам оранд, то аз кишти хашхош ё тавлиди тарёк ҷилавгирӣ шавад".

Аз оқои Зиё пурсидам, оё дар бахши кишоварзӣ низ Бонки Ҷаҳонӣ ва Идораи инкишофи байналмилалии Бритониё барои коҳиши тавлиди маводи мухаддир зироатеро ба унвони ҷойгузини хашхош ё тарёк пешниҳод кардаанд, то мардум бекор намонанд ва василаи гузарони зиндагӣ низ дошта бошанд? Оқои Зиё чунин гуфт:

"Дар гузориш пешниҳод шудааст, ки ба таври мисол, агар орд аст, гандум аст ё качолуву пиёз аст, онро аз хориҷ ворид накунанд, балки маҳсулоти худи Афғонистонро бихаранд, то замина дар дохил фароҳам шавад ва деҳоқин ташвиқ шаванд. Дар он сурат онҳо мебинанд, ки ин маҳсулот дар дохили Афғонистон бозор дорад. Танҳо дар чунин шароит онҳо ба ҷои тарёк ин навъ зироъатро мекоранд".

Бонки Ҷаҳонӣ ва Идораи инкишофи байналмилалии Бритониё дар қиёс бо гузориши соли гузаштаи Барномаи Рушди СММ гуфтаанд, ки дар соли 2007 кишти тарёк дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Дар ин гузориш низ мисли солҳои пеш таъкид кардаанд, ки Афғонистон ҳамчунон тавлидкунандаи тақрибан 90 дарсади маводи мухаддири ҷаҳон ба шумор меравад. Бештар дар вилоёти ҷанубии Афғонистон аҳолӣ ба кишти тарёк машғуланд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG