Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти боз чаҳор қотили наврас дар Маскав


Дар Маскав аз рӯи парвандаи гурӯҳи скинҳедҳои Артур Рино боз чаҳор наврас боздошт шуданд. Ба иттилоъи Кумитаи тафтишотии Додситонии Русия, онҳо дар куштори барқасдонаи намояндагони миллатҳои ғайриславянӣ муттаҳам мешаванд. Гуфта мешавад, ки ин наврасон дар тақрибан 20 куштор дар пояи миллатгароӣ даст доранд. Дар маҷмӯъ, дар чаҳорчӯби тафтишот 9 нафар, аз ҷумла сарвари гурӯҳ - донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербург Артур Рино боздошт шудаанд. Рино даст доштанаш дар куштори 37 нафарро таъйид кардааст. Скинҳедҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба сокинони алоҳидаи Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои африқоӣ ҳамла мекарданд.

XS
SM
MD
LG