Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳимтарин рӯзи довталабони курсии президенти ИМА


Имрӯз дар Иёлоти Муттаҳида “сешанбеи бузург” – муҳимтарин рӯз барои мушаххас шудани номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур аст. Демократҳо ва ҷумҳурихоҳон дар беш аз 20 аёлат, аз ҷумла, аёлатҳои бузурге чун Калифорния, Ню-Йорк ва Ню- Ҷерсӣ праймериз, ё интихоботи муқаддамотӣ доир мекунанд ва натоиҷи ин сабқат нишон хоҳад дод, ки талошро барои курсии раҳбари Кохи Сафед киҳо идома медиҳанд.

Ҳадс зада мешавад, ки миёни ҷумҳурихоҳон сенатор Ҷон МакКейн дар аксари аёлатҳо аз болои рақиби аслияш Митт Ромнӣ пирӯз хоҳад шуд. Ва аммо вазъ дар Ҳизби демократ ҳанӯз рушан нест ва гуфта мешавад, ки Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама барои барандаи сабқат шудан шонсҳои баробар доранд.

XS
SM
MD
LG