Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси даврии САҲА қазияи Косоворо баррасӣ мекунад


Имрӯз сафари дурӯзаи Укка Каверна, вазири хориҷаи Финландия, раиси даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба Белград ва Приштина шурӯъ шуд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар ӯ бо раҳбарони Сербия ва Косово мавзӯъи эътидоли вазъ дар минтақаро баррасӣ кунад. Сафари Укка Каверна дар ҳоле сурат мегирад, ки ду рӯз пеш раисиҷумҳури ғарбгарои Сербия Борис Тадич дубора дар маснади худ пазируфта шуд ва Косово изҳор доштааст, ки дар ҳафтаҳои наздик якҷониба истиқлоли худро эълом медорад.

Финландия шурӯъ аз 1 январи соли равон раёсати даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG