Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуди кӯдак аз модари гирифтори AIDS/HIV


Як ҷавонзани мубтало ба ангезандаи бемории норасоии масунияти бадан (AIDS/HIV), ҳамсари як муҳоҷири кории тоҷик, дар яке аз зоишгоҳҳои Хуҷанд фарзанд таваллуд кард.

Дар таваллудхона ин хабарро тасдиқ, аммо аз ба далели пинҳон доштани сирри шахси гирифтори вируси AIDS/HIV аз бозгӯии ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ карданд.
Иброҳим Мадалиев, муовини сарвари маркази мубориза алайҳи бемории AIDS/ HIV, таъйид кард, ки тифл аз модари гирифтори ангезандаи ин беморӣ ба олам омадааст, аммо вазъи сиҳҳати падараш маълум нест, чунки вай дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебарад ва аз ташхиси табибон ҳам нагузаштааст. Ба гуфтаи вай, ин зан нахустин тифли худро ба дунё овардааст: «Вай хеле сахт фарзанддор шудан мехост, эҳтимол, аз ин рӯ тавсияву маслиҳатҳои моро дар мавриди бо роҳи ҷарроҳӣ тавллуд карданро пушти по зад ва бидуни огоҳии мо тифл ба дунё оварда, ба ӯ сина шир додааст, ки бар эҳтимоли сироят дидани кӯдак меафзояд».
Ба гуфтаи оқои Мадалиев, феълан модару кӯдак таҳти назорати табибон қарор доранд ва вазъи сиҳҳати онҳо бад нест.
Табони Маркази мубориза алайҳи марази AIDS/HIV дар Суғд, танҳо дар якунимсолагии кӯдак ташхиси тиббӣ ошкор хоҳад сохт, ки оё ин ангезанда аз модараш ба ҷисми ӯ низ интиқол ёфтааст ё не.
Дар ин марказ таъйид намуданд, ки расман ин панҷумин тифл дар устони Суғд дар садаи 21 аст, ки аз зани мубталои ангезандаи AIDS/HIV чашм ба олам кушодааст. Инчунин, танҳо дар як маврид зани мубталои ангезандаи ин мараз бо тавсияи табибон исқоти ҳамл карда ва дар як мавриди дигар кӯдак пеш аз муҳлат ва беҷон тавлид шудааст. Дар ҳамин ҳол яке аз кӯдакон ба синни якунимсолагӣ расидааст ва ташхисҳои тиббӣ дар ӯ ангезандаи мазкурро ошкор сохтааст.
Ба маълумоти маркази мазкур, дар ҳоли ҳозир дар устони Суғд 290 мубталои ин ангезанда ба сар мебаранд, ки аксари онҳо мардон мебошанд. Аз ин шумор 61 нафар, аз ҷумла 17 нафар зан, дар соли 2007 ба қайд гирифта шудаанд.
XS
SM
MD
LG