Пайвандҳои дастрасӣ

СММ ошӯбгарони Чадро маҳкум кард


СММ ҳамлаи ошӯбгарон дар кишвари африқоии Чадро маҳкум кард. СММ ишора намуд, ки аз кӯшишҳои Фаронса: собиқ нерӯи мустаъмари Чад ва дигар аъзои ин созмон дар ҳалли бӯҳрон пуштибонӣ мекунад. Ҳазорҳо сокини осоиштаи пойтахти Чад: Нҷамена аз шаҳр фирор карданд, вале ошӯбгарон, ки аз Нҷамена берун шадаанд, таҳдид мекунанд, ки болои нерӯҳои содиқ ба президент Идрис Дебӣ ҳамлаи нав роҳандозӣ хоҳанд кард. Ходимони созмонҳои кумакрасон мегӯянд, баъди бархӯрдҳои охири ҳафтаи гузашта дар саросари Нҷамена ҷасадҳои одамон ба назар мерасанд.
XS
SM
MD
LG