Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3,1 триллион доллар-хароҷоти соли ояндаи ИМА


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш лоиҳаи буҷети соли ояндаи ИМА-ро матраҳ намуд, ки он ба 3,1 триллион доллар баробар аст. Хароҷоти соли молии 2008-уми ИМА, ки дар моҳи октябри соли равон оғоз меёбад, барои аввалин бор аз 3 триллион доллар бештар шудааст.
Дар буҷет афзоиши хароҷоти низомӣ барои мубориза бо терроризм ва бозгардони андозҳо барои ташвиқи рушди иқтисод пешбинӣ мешавад.
Раисҷумҳури ИМА лоиҳаро буҷети хубу қобили итминон номида, пешниҳод кард, ки Конгресс онро тасдиқ кунад.
"Буҷети мо Амрикоро муҳофизат намуда, рушди иқтисодро ташвиқ мекунад."
Ҳизби демократи мухолифи ҳукумат лоиҳаро танқид намудааст, зеро дар он касри мусовӣ ба 400 миллиард доллар пешбинӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG