Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба як санади муҳим мепайвандад


Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Конвенсиюни Созмони Милал алайҳи фасоди молиро имрӯз 4 феврал барои тасвиб ба палатаи поёнии порлумон ироа кардааст. Интизор меравад, конвенсиюни мазкур рӯзи чоршанбеи 6 феврал баъди баррасӣ дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон тасвиб шавад. Агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон Конвенсиюни Созмони Милал алайҳи фасоди молиро соли 2003 имзо кардааст, аммо то кунун порлумони кишвар онро тасвиб накардааст. Фасодкории густурда як мушкили гиребонгири Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ монеъи рушди ин кишвар мешавад ва сармоягузоронро метарсонад. Баъди тасвиби конвенсиюни мазкур давлати Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилал аҳд медиҳад, ки ҷиддан барои маҳви фасодкорӣ иқдомоти муносиб рӯи даст мегирад.

XS
SM
MD
LG